эй дили сӯхта бо сӯзу ғам ёр бисоз

Чанд рӯзӣ ба ғаму меҳнат дилдор бисоз

Чун биҷуз дӯст нахоҳӣ ки буд ҳамдами ту

Сабр кун дар ғам ва пас рӯй ба девор бисоз

Ба умеди рухи зебои гул эй булбули маст

Бо ҷафо хуй кун ва бо ситам хор бисоз

Одамӣ зод набошад чу ба олами дилшод

Шодӣ кам мангар , бо ғам бисёр бисоз

Макун андеша ки дунёии ?данӣ бар гузараст

Рӯ ба оҳи саҳару дида хўнбор бисоз

Сарнавишти азалиро натавон дод тамиз

Дар хароботи биё бо мегулнор бисоз

СўФёи хирқау саҷҷода ба май дар гарав аст

Бирав имрӯзи ту бо ҷбаҳ ва дастор бисоз