Чун дар ояд моҳи ман ҷавлони кунони андари чаман

Ғунча аз шавқаши гиребон чок созад ҳамчуи ман

Нофаи исботи насаби зони анбарин холи ту сохт

Шуд сияҳ рӯй аз ?хитои хеш зон машки хутан

Дар шаби зулфаш чу рафтӣ эй дил девона ам

Бош ҳозир то науфтӣ андари он чоҳи зқн

Кӯй ӯ бошад биҳишт ва ман куҷо хоҳам биҳишт

Чун кунам эй носеҳон дил мекашад ҳуби ватан

Гар шавад рӯзи вафотами атри хоки пой ӯ

Ҳала гардад бар тан чун устихони ман кафан

Бар лаб олаш бигӯям чист он холи сиёҳ

Бар набот акнӯн магас бинишаста бар рӯй ҳасан

Ин таманнои сӯфӣ бечора дорад дар ҷаҳон

Дар чаман бо ӯ яке ман , ваз май софии ду ман