Марои он рӯз идаст андарин роҳ

Ки гирдам дар ҷаҳони қурбони он моҳ

Сафойии Марвро гардад муяссар

Ки андари каъбаи кӯяш буд роҳ

Макаш дар рӯй он маи оҳ эй дил

Ки тира мешавад ойӣна аз оҳ

Ниҳодам дар бисоти ишқ , борӣ

Рухи таслими пеши асби он шоҳ

Саломат бигузар эй зоҳид аз он кӯй

Ки тир ғамза дорад дркмини гоҳ

Гадоӣ ӯем ва шоҳӣ нахоҳам

Балӣ инсон шавад аз мағрури ҷоҳ

Биё бар дидаи сӯфии қадам на

Ки бас некӯаст кори хоси ллаҳ