эй ҳарами каъбаи дили кӯии ту

Қиблаи ҷонҳо хами абрӯии ту

Ғунча гиребон зада аз шавқи чок

Бардаи сабо то ба чамани буии ту

Оҳ ки хӯн шуд дили шайдои ман

Бас ки ниҳон менагарм сӯии ту

Бедил ва девона шудам оҳи оҳ

Дар ҳаваси силсилаи мӯии ту

Майл ба лабҳои ту оради дилам

Гар накушуд ғамзаи ҷодӯии ту

Сарви сеиро чаҳ кунам дар чаман

Бардаи дилами қомати дилҷӯии ту

Оби ҳаётии ту аз он май дӯд

Сӯфии саргашта чу мо сӯии ту