Бози дигари раҳи дили ман дилбарӣ ҷонон гирифт

Бози кории кони балои бад бар дил ва бар ҷон гирифт

Бози бечораи дилам дар ҷаври он дилбар бимонад

Бози маскани ҷони мискини кӯии он ҷонон гирифт

Ҷону дилро аз ман он ҷонони длпрўри рабӯд

Бӯда ва нобӯдау ёди маро нисён гирифт

Сохт кори ҷону дилро дилбари ҷонон валек

Сӯхт аз ҳиҷрони танам каз ҳар яке ҳиҷрон гирифт

Мӯниси ҷону дили ман дилбари ҷонони ман

Одамизодаст лекин рӯйу хуй ҷон гирифт

То бар ӯ пайдо шавам пинҳон шавад аз ман ҳаме

Гўӣӣ аз ман ошкорои ҷону дил пинҳон гирифт

Рӯй агар гӯям ба ман бинмоӣ нанамояд ба ман

Вои ҳоли онкӣ чун ман бор нофармон гирифт

ТўФ кардам гирди кӯй ӯ барои рӯй ӯ

Ногаҳон аз чашмаҳои чашми ман тӯфон гирифт

Дар миёни гиряи ногуҳ оҳ кардам аз ҷигар

То ҳамаи кӯяш бар обу оташ сӯзон гирифт

Ҳар чаҳ кардам то бубинам рӯй ӯ сомон нашуд

Кор чун ман ошиқии ҳаргизи куҷо сомон гирифт ?

Бедил ва беҷон ва беҷонону дилбар монда ам

Кист он кӯи кори душвори маро осон гирифт

То наёбам дилбар ва ҷонон наёбам ҷону дил

Бедил ва бе ҷони зи мавлоно сабақ натавон гирифт