зи ҳиҷронати сухани ҳршб ки бо дил дар миён дорам

зи сӯзи ишқ ҳамчун шамъи оташ бар забон дорам

Ба сони булбули тасвир умрӣ шуд ки аз ҳасрат

На парво аз гирифторӣ на завқ ошён дорам

Ба меҳнати мубталои гаштам дар оғози ҷавонӣ ҳо

Баҳорӣ чун гули раъно дар оғӯш хазон дорам

Надорам ҳамчуи гули дилтанге аз баҳри мушти зар

Ба каф ҳамчун садафи гавҳар барои дигарон дорам

Табиб аз баси дилам озурдааст аз чашми мигўнӣ

Ба хӯни оғиштаи мижгонӣ чу шох арғавон дорам