Ту ки эй амири дории зи суроғи ман фироқӣ
Чаҳ шавад агар бигирӣ зи ғуломи худ суроғӣ
Чу ту гулшанӣу боғӣ ба канори ман чу ое
Чаҳ рӯм ба гашти гулшан чаҳ рӯм ба сайри боғӣ
зи ҷафоу ҷаври гардун чу шикастау заъифам
зи шароби куҳна соқӣ бирасон ба ман аёғӣ
зи ситамгарӣ чигуна , будам умеди марҳам
Ки ба рӯй доғи дигари нҳдм ба синаи доғӣ
Биравам агар ба гулшан ба гулӣ назар надорам
Ки ба гулшанӣ нарафтам ки набӯд бонги зоғӣ
Набӯд табиби дигари сару барги назму шеърам
Ки ҷудои зи ҳам забонон набӯд марои димоғӣ