Синаи гарму мижаи хўнбору саҳар наздик аст

Бохабар бош ки оҳам ба асар наздик аст

Ба рафиқон ватан кист ки аз мо гуяд

Ки ба соҳил нараседему хатар наздик аст

Манам он боғ ки дорад ба камӣни сад офат

Зин чаҳ ҳосил ки ниҳолам ба самар наздик аст

Баталаб кӯш ки то манзили мақсӯди табиб

Роҳ давраст вале пеши назар наздик аст