Ошиқонро нигар аз хораи танӣ сохта анд
Ки ба бедод чу ту дили шиканӣ сохта анд
Ба ҳазар бош дарин базм ки ҷодӯи нигаҳон
Кори мо мижа бар ҳам задане сохта анд
Ғофиланд аз гули рухсори ту эй рашки чаман
Булбулоне ки ба хори чаманӣ сохта анд
Хӯрам афсӯс ба ин мурдаи дилоне ки зи каф
Дода ҷонро ва ба фарсӯдаи танӣ сохта анд
Оҳӯоне ки дарин сидгҳнд аз ҳар гом
Ба хаданг чу ту новак фиканӣ сохта анд
Маҳфили ишқи куҷоу дили ғамноки табиб
эй хуши онон ки ба байти алҳзнӣ сохта анд