Хат бар рухи ёр хуш набошад
Дар гулшану хор , хуш набошад
Раъност агар чаҳ сарви озод
Пеши қади ёр хуш набошад
Ту бо дили шоди зӣ ки мо ро
Ҷузи ҷони фигор хуш набошад
Ҳар чанд хушаст бода аммо
Бо ранҷи хумор хуш набошад
Ту бо дил хуш нишин ки мо ро
Ҷузи тарки диёр хуш набошад
Зин беш ки мекунӣ тағофул
Аз ёр ба ёр хуш набошад
Брғрқаҳ , карон хушасту моро
Зини баҳри канор хуш набошад
Бе ишқи санами бФтўии мо
Аз дайри гузор хуш набошад
Саргашта ӯ куҷоу ором
Дар чархи қарор хуш набошад
Онро ки табиби рӯз хуш нест
Ғайр аз шаби тор хуш набошад