Дили сӯхт аз шитоб ва ба дилбар наме расад

Ин ташнаи лаби дареғ ба кавсар наме расад

Ашкам ба дида кӣ расад аз гармии ҷигар

Аз шишаи ин шароб ба соғар наме расад

Дар пеши мо ки бесрўсомон оламем

Дардисарӣ ба миннат афсар наме расад

То нест дард нола надорад асари дареғ

Равшангарӣ чу нест ба ҷавҳар наме расад

То кӣ табиб шиква кунӣ аз ҷафои ҳиҷр

Шарҳи ғами фироқ ба охир наме расад