Аз ҳиҷри бути ягонаи мо

Хӯн мечакад аз таронаи мо

Бар хост зи Осиёи афлок

Афғони зшксти донаи мо

Афтодаи замини харобу бихўд

Аз нолаи ошиқонаи мо

Дар баҳри вуҷӯди ҳамчуи гавҳар

Бо худ буд обу донаи мо

Ворастааи зи худ шудем ва гардид

Авҷи фалаки ошиёнаи мо

Сад таъна занад ба лолау гул

Хору хаси ошиёнаи мо

Аз давлат ишқ подшоҳем

Ғами лашкару дили хазонаи мо

Хорои ғаму ҳарири меҳнат

Фаршаст дар остонаи мо

Бар хеши табиби печади афлок

Аз ханда бе худона мо