Ҷудо аз рӯй ту чашмам чу хӯн фишон гардад
зи хӯни дил мижаам шох арғавон гардад
Гирифтаам ба ғамаши улфатӣ ва май тарсам
Худо накарда ба ман ёр меҳрбон гардад
зи шодмонии васли тўош насиб мабод
Дили фигор агар бе ту шодмон гардад
Қафаси шикаста ва аз ҳам гусастаи дом касе
зи ошён ба чаҳ умед саргарон гардад
Мабош ғофил аз афтодагии ҷодаи табиб
зи хоксории худ Хизр корвон гардад