намеравад аз хеши дил чун дида ҳайрон ме шавад

эй хуши он ошиқ ки маҳв рӯй ҷонон ме шавад

Давр аз инсофаст каз баҳр дуо бардоштан

Ошнои дастӣ ки бо чок гиребон ме шавад

Аз шукуфтан меравад бар боди гулҳои чаман

Гиря меояд маро бар ҳарки хандон ме шавад

Дар ҷаҳони бахти сияҳи равшандилонро лозимаст

Тира чун гардид шаби ахтар намоён ме шавад

Абр мегардад сифед аз резиши борони табиб

Хонаи дил бо сафо аз чашм гирён ме шавад