Чаҳ домаст ин ки ҳар мурғӣ ки мегардад гирифтораш

намеояд ба хотири пар гушӯданҳои гулзораш

Аҷаб набӯд зи хокаш то қиёмати буи хӯн ояд

Биёбоне ки об аз дида ман мехӯрд хораш

Надорад огаҳӣ аз меҳнати шабҳои маҳҷӯрон

Касе кӯи шаб ба роҳат хуфта бошад дар бар ёраш

Мгир аз соқии даврони қадаҳгар зиндагии хоҳӣ

Ки аз заҳри ҷафо лабрез бошад ҷоми саршораш

Дарин бустон буд табъи ман он тӯтӣ ки май резад

Ба ҷои шаҳди заҳру ҷои шукри хӯни минқораш

Табиб аз давлати васли ту комаш кӣ шавад ҳосил

Ҳамон беҳтар ки бошад бо ғами ҳиҷрии сарви кораш