Зулфӣ ки бар забону дил шона бугзарад

Монад ба он шабӣ ки ба афсона бугзарад

Дили субҳи хези машқ бар оташ давидан аст

Дорам умеди онкии з парвона бугзарад

Дар базми васл , ташнаи лабонро хумори ҳиҷр

Чандон амони надод ки паймона бугзарад

Ғайр аз дилам ки хона бадуш таҷарруд аст

Ҷғдӣ надидаам ки з вайрона бугзарад

Дар зулф ӯ дилами сару барг ҷадал надошт

Устоди як канор ки то шона бугзарад

Аз иттиҳод , дар дил мо мекунад хутур

Ҳарфӣ агар ба хотир ҷонона бугзарад