Бишкуфтаи сад ранги гулҳои доғам
Дар сайр гул нест ҳоҷат ба боғам
Ҳиҷри ту имшаби оташ ба дил зад
Бархест чун шамъи дӯд аз димоғам
Як гул начедам аз боғи васлат
Даст тиҳӣ кард чун лолаи доғам
То хӯн равон шуд аз гӯши мино
Тифлона тарсид чашми аёғм
Чун шамъи тасвир аз бе фурӯғӣ
Ҳаргиз науфтод гул бар чароғам