зи баҳори барги алвон , зи кафати ҳинои рангин
зи чамани гулу шақоӣқ , зи ту дасту пои рангин
Дару бом чун нагардад ба сафои боғу бустон ?
Ки фазоӣ хона дорад зи рахти ҳавои рангин
Ба либоси арғавонӣ , чу равад ба сӯии гулшан
Накунад гул аз хиҷолат , ҳаваси қабои рангин