Сухан чун сипоҳи баёнро гирифт

Ба ин фавҷ , тахти забонро гирифт

Мусаллам буд хусравӣ бар сухан

Ки дарбаста , малики даҳонро гирифт

Чу бар бодпоӣ нафас шуд савор

Ду сад қалъаи гӯши ҷонро гирифт

Сафи орои абёти рангин чу гашт

Ақолими рӯҳу равонро гирифт

Чу аз сатр , лашкаркашӣ соз кард

Ба як неи саворӣ , ҷаҳонро гирифт