Ҳаркас ки бошад ҳамхонаи субҳ
Чун меҳр гардад парвонаи субҳ
Дорад зи мастӣ чун баҳри маввоҷ
Андари даҳани кафи девонаи субҳ
Дар охири шаб зинҳор гуед
Бо гӯши хуршеди афсонаи субҳ
Машшотаро гӯ созад мтро
Гесуии шабро аз шонаи субҳ
Фарзаст бо мо ноошноӣ
Ҳаркас ки бошад бегонаи субҳ
Дар базми имкон бесаъйу кӯшиш
Восил нагардад ҷононаи субҳ
Ғофил мабошед ёрон ки дорад
Ганҷи фаровони вайронаи субҳ !
Сад хӯшаи хирмани ҳосил тавон дод
Дар мазраъи дил аз донаи субҳ
Дар сина ҷо кун ҳргаҳ ки гуяд
Дарси адабро фарзонаи субҳ
Назора мекун монанди туғрул
Аз равзани дили кошонаи субҳ !