Агар шамъи далели улфати мо раҳнамо гардад

Пари парвонаро хосияти бол ҳумо гардад

Грин бошад сулӯки сари хати миҳроби абрӯяш

Қади моҳи нав аз баҳри суҷуд ӯ ду то гардад

Ба ғайр аз нола кӣ бошад варои ноқаи ҳушам

Шикасти ранги мангар маҳмили роҳ садо гардад !

Агарчӣ рафт чун ранги ҳинои домонаш аз дастам

Бад-ӣни шодам ки поишро сиришки ман ҳино гардад

Ду олами дстбўси фарши таслим хиромаш кун

Агар девонаи моро ҷунуни занҷир по гардад

Ба ёди гардиши чашмаши дили пуризтироби ман

Мисоли дона Эй бошад ба ком Асия гардад

Агар инаст бо бегонау даври ошноӣ ҳо

Ҳамеи тарсам ки бо ман оқибат ноошно гардад

Ба маҷнӯни ҳам сабақ будем дар одоби маҷнӯнӣ

Ба ойини муҳаббати каси ҳарифи мо чаро гардад ? !

Муҳаббатгар ҳаваси дории зи сурхии майл зардӣ кун

Кигар дар мис расад эксир бешак кимиё гардад

Хаданги фикри кас ҳаргиз наёяд бар нишони мо

Пари тири камон ӯ агар бол расо гардад

Хушо туғрули азин як мисраи баҳри сухани бедил

Агар савдоӣ сар дорад бигӯ бар гирд мо гардад