Надонам соғари ъушрати кро саршор ме гардад

Ки имшаби чашми соқӣ чун қадаҳ бедор мегардад !

Раги дасти марӣз ишқ дорад шухии дигар

Флотўн аз хумори набз ӯ бемор ме гардад

Баландиҳои сарв аз пастии иқбол қамарӣ шуд

Набошад оҳи булбул дар чамани гул хор ме гардад

Хаёли турраи Лайлӣ буд занҷири пой ӯ

Агар маҷнӯни мо дар кӯча ва бозор ме гардад

Ба ҳар маҳфил ки шамъи ориз ӯ пртўоФкн шуд

Чу ман парвона бар гирди сараш бисёр ме гардад

Агар аз мушкилоти зулф ӯ наҳвӣ кунӣ равшан

Хафои дарси улфати маънӣ такрор ме гардад

Кшоид ҳар ки бар рӯйиши дарӣ аз хонаи ҳайрат

Вале нақши вуҷӯдаши сӯрат девор ме гардад

Ба дасти аҳриман чун шона гар ояд сари мӯе

Саводи куфри зулфаши ҳалқа зуннор ме гардад

Шудам парвонаи ин мисраи бедили азони туғрул

Чу шамъ аз узви узвами огаҳӣ саршор ме гардад