Ранги рухсори ту аз рухсори гул нанг оварад

Гул агар рӯй ту бинад ранг аз ранг оварад

Ҳалқаи пари печу тоби турраи шбрнги ту

Дар хами чавгони худ сад дил ба найранг оварад

Ёбад андари даҳр ҳамчун Хизри умри ҷовдон

Ҳарки дар оғӯши худ як шаби туро танг оварад

Масти саҳбои ҷамоли анваратро ҳолтист

Дар хаёлаш то абад кӣ нашъа банг оварад ? !

Қомати шамшоди зебои туро бинад агар

Бар сари нахли санавбари боғбон санг оварад

Лмъаҳ эйгар аз гул рӯй ту уфтад дар чаман

Булбули шӯридаро ҳрдм ба оҳанг оварад

Муждаи эъҷоз исо медиҳад оҳанг ӯ

Мутрибигар нағмаи ишқи ту дар чанг оварад

намесазад гуяд Флотўни офарин бар табъи ман

Туғруламгар дониши худро ба фарҳанг оварад !