Монии чини нақши матбӯъи ту дар чин оварад
Чини зулфати чини ғам бар ҷабҳа чин оварад
Юсуфи Мисри малоҳати чини абрӯӣ ту дид
Чин бар абрӯ зад ки ин абрӯ ба Мочӣн оварад
Ром созад холи ҳиндӯии ту ҳиндӯро ба дайн
Ин аҷаби ҳиндӯ ки дайни хеш бар дайн оварад !
Зери бори ишқи ту қадӣ ки мегардад дўто
Кӯҳи Албурзу ҷиболи нав ба таҳсин оварад
Аз ғами ишқи тугар Фарҳод гардад талхи ком
Тарки савдои хаёли лаъл ширин оварад
Ҳарки рӯят дид чун симоб гардад бе қарор
Кист бинад оризатро боз тамкин оварад ? !
Мади тоқи абрӯии пайвасти мишкӣни ту ро
Зоҳид садсола бинад рахна бар дайн оварад
Дар бисоти оризати ҳаркас ки бозад нарад ғам
Аспи бахташи киштии шҳрхи з фарзин оварад
намекунад ҳрдм ба авҷи мӯшикофии ошён
Сайди маънии туғрулам аз чанг шоҳин оварад