Маро аз оламу одами ғами ишқи ту бас бошад

Ба пеши оташи ишқати дилам монанди хас бошад

Азони рӯзӣ ки афтодам ба дом чун ту сайёдӣ

Азони рӯи перҳан дар тани маро ҳамчун қафас бошад

Яке бозо ба сӯии ман ки аз бетоқатӣ то кӣ

Фиғону нолау фарёдам аз дил чун ҷарас бошад ? !

Нигаҳро рухсат назора фармо дар шаби зулфаш

Куҷои ушшоқро андешаи тарс асас бошад ? !

Набарам аз ту пайванди муҳаббатро ба сад меҳнат

Агарчӣ фурсати умрам ба олами як нафас бошад !

Нигоҳи чашми саффокаш ба сӯии ошиқони ҳрдм

Бидон монад ки тарки рӯм бар рӯй фарс бошад

Ба як парвози сайди сад маъонӣ мекунад туғрул

Ба пеши чнгл ӯ сайди анқо чун магас бошад