Марои ишқи ту то сармояи дунё ва дайн бошад
Азон аз дайну дунёи ҳосили умрам ҳамин бошад
зи доғи фурқатати нолам вале чун не наме нолам
Ки ин андӯҳу меҳнат бо ман аз хат ҷабин бошад
Хами абрӯаши маҳмили баста аз бори ишорат ҳо
Вале тарсам ки чашми шӯх ӯ андар камӣн бошад
Буд бо меҳр рӯй ӯ расӣданҳои ман мушкил
Ки ҳамчун сояи бахт тираам фарш замин бошад
Намудем пеши устоди муҳаббати хатми ишқ ӯ
Азон бо хотами ман ном ӯ нақш нигин бошад
зи ганҷур азал омад калиди ганҷи ғам бо ман
Ба ғайр аз ман куҷо дар махзани меҳнат амин бошад ? !
Кунун дар боғи ҷои сабзау гули нози бӯи равед
Ба ҳарҷое ки нақши пои он нозофарин бошад
Хушам бо ҳасрати дарду ғами ҳиҷрон ӯ туғрул
Ба комами заҳри ҳиҷраши хуштар аз сад ангабин бошад