Ҳар крои зулф анбарин бошад

Мор дар ганҷ ӯ қарин бошад

Ҳаст кайвони ғуломи ҳиндӯят

Гарчи дар чарх ҳафтумин бошад !

Тавсани умри бандаро зи азал

Доғҳои ту бар сарин бошад

Моҳ дар пеши хирмани ҳасанат

Ҳамчуи хуршеди хӯша чин бошад

Ҳуққаҳои ақиқи лаъли лабат

Хотами ҳасанро нигин бошад

Ангабинро ба назд гуфторат

Нисбати заҳр ва ангабин бошад

Сарв дар пеши қади дилҷӯят

Аз ҳаёи моил замин бошад

Гуфтамаш мардум аз ғамати гуфто

Ишқи моро натиҷа ин бошад !

Ҷузи хаёлат ба хотири туғрул

Нест чизе ки ҳамнишин бошад !