Оҳ аз даври фалаки як лаҳза бар комам нашуд

Қуръаи фоли тараби як бор бар номам нашуд !

Дар ҳавои васл матлаб кардам аз ороми Ром

Ҳеҷ амреи мӯҷиби таскин оромам нашуд

Сӯхтам дар оташи ҳасрат чу ҳиндӯи борҳо

Холи ҳиндӯӣ батон аз бахти бад ромам нашуд

Гарчи нӯшедам басии паймонаҳои заҳри ғам

Аз май ъушрат вале як ҷуръа дар ҷомам нашуд

То ниҳодам дар пас сайди талаби доми умед

Мурғи ин ваҳшати саро дар ҳалқа домам нашуд

Хонаи брдўши хаёлаши мунтазири шаб то саҳар

Як тулӯъи кавкаби бахт аз лаб бомам нашуд

Туғрулам дар дом шуд зон ҳар ду бодоми турш

Як алоҷи хушкии савдои з бодомам нашуд