Моҳи ман имрӯз дар Мисри малоҳат шоҳ шуд
Юсуф аз шарми ҷамол ӯ ба зер чоҳ шуд
Ҷом май бе ёди лаъл ӯ насиб ман мабод
Ҳамдами базмам агар чанде ки меҳр ва моҳ шуд !
Тори гесуии камандаши гашти доми мурғи дил
Донаи холи сиёҳаш то маро дилхоҳ шуд
Кӣ амон ёбад зи тири новаки дилсӯз ӯ
Синаи он кас ки меҳнати санҷи ин даргоҳ шуд ? !
Аз ҳилоли абрӯяш шарманда гардад моҳи нав
Вази сафои оризаши хуршеди ранг коҳ шуд
Боҷи хӯбиро зи хубон ҷаҳон гирад равост
Бас ки ном ӯ ба хӯбӣ дар ҳама афвоҳ шуд
Дар азали калаки қазои тасвир рӯйиш ме кашид
Булбули рӯҳи ман аз буии гулаш огоҳ шуд
Ин муаммо ҳал кунад ҳар каси бадви туғрули ғулом
Дар биёбони тўшҳи матлабам ҳамроҳ шуд