Хубрӯёни шеваи ҳайрат шиорам карда анд
Ҳамчуи нақши по ба худ ойӣна дорам карда анд
Чун қадаҳи оғӯши сад хамёзаи айши абад
Аз шикасту гардиши ранг хуморам карда анд
Бушковади гул аз гулистони хаёлами баъди азин
Бас ки ранги сад чамани назр баҳорам карда анд
Кисватам шуд гарчи урёнии зи қонӯни азал
Дар Баму зери муҳаббат парда дорам карда анд
Муждаи пайғом васлаш дода аз боди сабо
Чашми ҳайронро ба роҳаш интизорам карда анд
Гарчи навмидӣаст аз вазъ батон бо ман вале
Аз нигоҳи вопасин умедворам карда анд
Чун саҳари як кавкаби бахт аз дилам равшан нашуд
Тираи бахтиҳо чу шом аз зулф ёрам карда анд
Сӯхтам дар оташи ҳиҷрону мардум аз ғамаш
Доғҳо чун лола бар лавҳ мазорам карда анд
Нагзарад бар хотирами фикри қиёмати баъди азин
То шаби ҳиҷри туро рӯзшуморам карда анд
Ҳамчуи ман дигар набошад ҳеҷ домоди сухан
То арӯси бикри маънӣ дар канорам карда анд
Май барам ман дар сухани имрӯзи гӯй аз ҳамдамо
Дар саманди фикр чун маънӣ саворам карда анд
Тғрлои аҷзи камоли ҳазрати бедили нигар
Он қадри ҳеҷам ки аз худ шармсорам карда анд