Меҳри ишқаш дар азали хат ҷабинам карда анд
Номи маҷнӯнро азони нақш нигинам карда анд
Ҳалқаи пурпечу тоби назри зулфаши дили рабӯд
Ҳамчуи Искандар ки бо зулмат қаринам карда анд
Ёд додан аз вуҷӯди он даҳан ваҳмасту бас
Бас ки андари нестии айн алиқинм карда анд
Аз сар ихлос кардам остон ӯ ватан
Хоки кӯяши беҳтар аз хулд бринм карда анд
Лолаи осои доғҳои синаи сдчок ро
Аз ҳавои ишқи он нозофаринам карда анд
Дайну дил бар бод доду муҳаррам васлаш накард
Вомиқу Фарҳод бо сабр офаринам кардаанд !
Нолау фарёди ман таъсир наорад дар дилаш
Нест айб ӯ марои бахт инчунинам кардаанд !
Ёрро танҳо намеёбам ки гӯям рози дил
Душману ағёр аз ҳрсў камӣнам карда анд
Ҷомаи урёни мо фориғ аз лавн ҳавост
Перҳан дар ишқ ӯ ранг заминам карда анд
Он қадр дар роҳ ӯ аз сари қадам Фрсо шудам
Шӯҳрати номи ҷунун бо ман азинм карда анд
Котибони қисмату тақдир аз фикри расо
Хирмани малики суханро хӯша чинам карда анд
Нахли ашъори ту туғрули ном май оради самар
Гулшани тўшиҳро хосият инам кардаанд !