Шабнами арзи адаб аз чашм ҳайрон рехтанд
Донаи умедро чун меҳр яксон рехтанд
Ҳарки шуд ҳамчун садаф дар саъии сомони амал
Оқибати андари даҳонаш об Нитсаон рехтанд
Аз вуҷӯд хеш дорам гармии меҳри адам
Шабнами моро чисон дар боғ имкон рехтанд ?
Махзани ганҷи қаноати бас ки беибром буд
Обрӯии хеши охири ин гадоён рехтанд !
Бас ки дар боғи ҷаҳони улфат параст шабнамем
Аз сиришки мо ба олами мавҷ тӯфон рехтанд
Мазраъи мо дархури ҷамъияти дил ҳо набӯд
Донаи сунбул ба хоки мо парешон рехтанд
Обрӯ хоҳӣ нишин дар хилвати ҷайби адаб
Оби гавҳарро ба доман аз гиребон рехтанд
Чун сароб аз чашмааш як қатрае зоҳир нашуд
Бар дили зоҳиди магари об аз зимистон рехтанд ?
Гарчи дар малики сухани ман туғрул аҳрорӣ ам
Лек ҷоми қисматам аз хок турон рехтанд