Соғари айши абад гарчи ба дастам доданд

Роҳи роҳати ҳама аз ҷом аластам доданд

Корвонони қазоу қадар аз ҳушёрӣ

Чун ҳинои бастаи маро бар каф мастам доданд

Ҳркҷо бошам агар бе асари доғи ним

Шуълаи шавқам ва бар хок нишастам доданд

Ба суфолӣ нарасад сози дурусти ойинам

Чинӣам гарчи зи фағфур шикастам доданд

Буд таҳқиқи адами сӯрати имкони вуҷӯд

Нестии ойӣнае буд з ҳастам доданд

Сайд матлаб нашавад бастаи қуллоби ҳавас

Моҳии баҳри адаб гарчи ба шастам доданд

Хона бар дӯши хаёлам ба сухани ҳамчуи ҳубоб

Вожгӯнии ҳама аз толеъ пастам доданд

Чаҳ хушаст мисраи дарёии маъонии туғрул

Васл май хостами ойӣна ба дастам доданд