Бодаи ишқи ту дар ҳар дил агар ҷӯш кунад

Агараш об ҳаётаст куҷо нӯш кунад ? !

Орзӯманди висоли ту агар ҳўшнок аст

Ба яке қатра май васли ту биҳуш кунад

Сари худ гарчи бар афлок нав сояд

Ҳалқаи доғи ғуломии ту дар гӯш кунад

Тӯтии ҳинди шкрхоиӣ лаълат бинад

Аз хиҷолати сухани хеш фаромӯш кунад

Чашми оҳӯии ту оҳӯ ба хутан ме гирад

Балки оҳӯ ба сияҳи чашмӣ оҳӯаш кунад

Аз қазои хати бароти аҷали оради ҳаркас

Чун ду пайкари зи камарбанди ту оғӯш кунад

Нахли шамшоди хироми қад ӯро бинад

Бе абои саҷдаи миҳроби ду абрӯаш кунад

Хам шавад қомат ӯ чун қади туғрули умрӣ

Ҳаркасии бори ғами ишқи ту бар дӯш кунад !