Рангу буии боғи ҳасанат дар чамани шӯри афканд
Аз даҳони ғунчаи лаълати хандаро даври афканд
Ҳалқаи зулфи туро ризвон агар бинад ба хоб
Тавқ қамарӣ созад ва дар гардани ҳури афканд
Юсуфи Миср аз ҳадиси хӯбӣ ?ут ёбад хабар
Аз хиҷолати хешро дар чоҳи диҷўри афканд
Меҳри рӯятгар дам аз субҳ биногвашат занад
Фитрати хуршедро дар табъи кофури афканд
Ҷони дамад дар қолаби ойӣнаи акси оризат
Маҳв ҳайрат созад ва лек аз хиради даври афканд
эй ки шавқат сар кашад аз дастгоҳи дору гир
Оташ бетоқатӣ дар қалби Мансури афканд
Нағмаи зеру Бам ишқат расад дар гӯши соз
Шавқи оҳанги ҷунун аз тори танбури афканд
Гар расад дар гӯши исрофили ғавғоӣ дарат
Фаҳм маҳшар созад ва аз дасти худ сувари афканд
Шарбати васлат агар дар ком махмурӣ расад
Нашъаи ҷоми шароб аз чашми махмури афканд
Раҳм кун бо туғрули маҳзун ки зи ойини карам
Сояи давлати сулаймон бар сари мӯри афканд