Ғунчаро лаъли лабат длхўн кунад
Сарвро нахли қадат вожўн кунад
Лаҳҷаи лаъли ту аз хоки адам
Мурдаи садсоларо берун кунад
Ончии савдои ту бо ман ме кунад
Кӣ ғами лайляш бо маҷнӯн кунад ? !
Марҳами васли ту дардамро давост
Лек ҳиҷронати ғамам афзӯн кунад
Чашмат ар морут бинад баъди азин
Тарки таълими фан афсун кунад
Ашкам аз ҳиҷри ту чун дарё шавад
Рафтаи рафтаи таъна Ҷайҳун кунад
Номи ту равшан шавад ҳаркас ки ӯ
Фаҳми рамзи туғрул маҳзун кунад