Арғавон дар пеши рухсори ту бирнгӣ кунад
Ғунча аз хандидани лаъли ту дилтангӣ кунад
Ҳасани Юсуфро агар парвин барои имтиҳон
Бо тарозу баркашад кӣ бо ту ҳамсангӣ кунад ? !
Монии чин гар бибинад чини абрӯии ту ро
Дар татаббуъи хонаи чини нақш Аржангӣ кунад
Дар тариқи мадҳи ту дар соҳати дашти варақ
Роизи калаки ман аз по уфтад ва лангӣ кунад
Ҷомае бо қомататгар аз сухани дузам вале
Сад қабои нози андари қоматат танагӣ кунад !
эй гули боғи латофат аз кадомин гулбунӣ ? !
Ҳаркии рухсор ту бинад булбул оҳангӣ кунад !
Нисбати хуршед бо рӯй ту бошад ҳамчунин
Он тасаввурҳо ки афюн бар сар бунагӣ кунад !