Ёр ба ман боз ҷафо ме кунад
Тарки мудоро ва вафо ме кунад
намезанадам гарчи ба тири нигаҳ
Раҳмат ва бераҳмӣ намо ме кунад
намекашадам ҳар нафасӣ чанд бор
Шукр ки ин зулм маро мекунад !
Чашм ман уфтад ба Рахш дар намоз
Даст ба рӯи баҳр дуо ме кунад
Ҷониби масҷиди гузарам аз қазо
Ҳамчуи намозам ки адо ме кунад
Гарчи дил аз захми ҷафояш пар аст
Лаъли лабаши боз даво ме кунад
Хоҳам агар бӯса кунам нақши пош
Аз пас худ шӯр ба по ме кунад
Пардаи сози ғам ӯ аз фироқ
Нағма « ушшоқ » наво ме кунад
Туғрули рӯҳам ба ҳарим дараш
Дам ба дам аз шавқ ҳаво ме кунад