зи ҷӯши ашк дар обами гуҳарбор инчунин бояд
зи шоми ғами сияҳи рӯзами шаби тор инчунин бояд !
намебошад ба ғайри яъси дигари дастгири ман
Ба накбати хонаи дунёи мададгор инчунин бояд !
Надонад куфри зулфаши ҳеҷ ойини мусулмонӣ
Ба кеши аҳриман албата зуннор инчунин бояд !
зи даст нокасе ҳамсанги пой мӯр гардидам
Ба мизони муҳаббати вазну миқдор инчунин бояд !
Матоъ ҳар ду олами нақди меҳнатро наме арзад
Қумоши ҷинси ғамро нархи бозор инчунин бояд !
Адиби Тифли ашк ошиқон бошад сиришки ман
Балӣ дар силки ҷавҳар дар шҳўор инчунин бояд !
Пар парвона бошад равғани шамъи вафои имшаб
Ба арзи муддаои сомони изҳор инчунин бояд !
Арақ гул мекунад аз ҷавҳари акси Рахш ҳар дам
Ба ҳайрати хонаи ойӣнаи меъмор инчунин бояд !
Ҳазораш офарини туғрули барин як мисраи бедил
з ҳар мӯи дом бар дӯшами гирифтор инчунин бояд !