эй нигоҳи шафқатомезат маро аз ҷони лазиз
Ҳарчӣ бошад дар ҷаҳони хуштар маро аз он лазиз
Ҳаст дар комами гуворои талхии заҳри ғамат
Гарчи бошад дар мазоқ ҳар гадои нони лазиз
Ман гирифторам кунун бо дард бе дармони ту
Шарбатии беморро кӣ бошад аз дармони лазиз ? !
Ҷониби мо мустамандон кун худоро як назар
Ҳеҷ набӯд дар ҷаҳони некӯтар аз эҳсони лазиз !
Мардум аз фарёдат эй рашк батон кобулӣ
Гўиё бошад ба гӯшти нолаи афғони лазиз !
Ҳарфӣ аз лаъл ту бошад гавҳари қимати баҳо
наменабошад ҳар матоъии каш буд арзони лазиз
Дар сухани туғрули тариқи пухтагонро пеша кун
Миваи ?утгар хом бошад нест дар дандони лазиз !