Он қадр дорад сафои ойӣнаи рухсори ёр

Акс чун назора аз лағзиш намегирад қарор !

Ҷавҳари фарди даҳонаш ҷузв беаҷзоъ буд

Аз ҷавори қисмат ӯ муддаӣ шуд шармсор

Бо яке ҳиҷрони ду рӯзи васли фол тавъам аст

Дар раҳаш то дида ам шуд зи интизориҳо дучор

Сабзаи лаъли лабаши зи эъҷоз ёқӯтӣ диҳад

Насхи таълиқи бароти ошиқ аз хати ғубор

Шуҳра офоқ шуд аз ишқи ширини кӯҳкан

Ном маҷнӯнаст аз савдои Лайлии ёдгор

Ихтиёри равза ҷинат надорам аз дараш

Ошёни мурғи анқо кӣ буд шохи чанор ? !

Туғрул аз гуфтори рангини ту чун авроқи гул

намесазад ҷузви туро шероза аз ранги баҳор !