эй рӯй ту офтоби ховар
Лаъли лаби ту зулоли кавсар !
Сад муъҷизаи Масеҳи дорӣ
Афсӯс ки нестии паямбар !
Фарқи ту миёни хубрӯён
Чун фарқи арз буд зи ҷавҳар
Гар Мисри ҷамолро азизӣ
Юсуф набӯд туро баробар !
эй омада бо қади баландат
Шамшоди ғулому сарви чокар !
Ҳамшираи кеҳтари ту маҳтоб
Хуршед буд туро бародар !
Хоки қадами ту кӯҳли бодо
Дар чашми сипеҳри чархи ахзар !
Аз хоки адам ба завқи хезам
Ронӣ ба серуми тугар ткоўр
Имрӯзи шикастаи байти туғрул
Бозори наботу нархи шукр !