Рафт ҷон бар боду давр аз васли ҷононм ҳануз
Раҳнаварди соҳати саҳрои ҳиҷронам ҳануз
Пар шуд аз даври қазо паймонаам аз аҳд ӯ
Бо вафои ишқ ӯ дар аҳду паймонам ҳануз
Куфр зулфаш мекунад ҳар дами зи ман тороҷи дайн
Боз мегӯям ки ман аз аҳли имонам ҳануз
Моҳро кардам шабиҳи оризаши ҳангоми бадар
Лек аз он карда биҷои пушаймонам ҳануз !
Бо адиб ишқ хондам солҳо дарси ҷунун
Дар сулӯки ошиқии Тифли дабистонам ҳануз !
Синаи сад чок шуд бо тири мижгонаши ҳадаф
Зон сабаби заҳматкаши хори муғелонам ҳануз
Доштами туғрули хаёли кокулаши шаб то саҳар
Аз тасаввурҳои гесуяши парешонам ҳануз