эй оризи гулгуни ту аз бодаи гҳрриз

Шамшери ҷафои ту буд бар сари ман тез

Абрӯии ту хам гаштааст аз бори тағофул

Аз бода нозаст қадаҳи чашми ту лабрез

Дар пеши ғамати тавсани умрам буд акнӯн

Монандаи хингӣ ки кашад заҳмати маҳмиз

Ҳар рӯз на синаи деҳқони муҳаббат

Гардӣда зи шавқи ту чу ғарболи шррбиз !

эй дил агарат орзӯии айш давом аст

Навъе кун ва бар домани он зулф биёвез !

Вақтаст ки осон надиҳӣ доманаш аз каф

Имрӯз ки як шамс дигар нест ба табриз !

Зинҳори адаби пешаи намои байн ки чаҳ ҳо дид

Аз номаи пайғамбари мо хусрави парвиз ? !

Ғифлат нашавад бадарғаи роҳи умедат

То чанд чу махмали ту азин хоби гарони хез !

Ин водӣ ишқаст пар аз шеб ва фароз аст

Ошиқ нае албата азин бодия бигурез

Шуд дофеъи савдои ту то чини ҷабинаш

Сифрот фузунаст ту аз сирка мапарҳез !

Туғрул шудам ошуфтаи ин мисраи бедил

эй хок ба хӯни хуфтаи ғубор дигар ангез !