Аз табассуми лаъл ӯ чун ғунча хандонасту бас
Бар ҷароҳатҳои қалбами як намакдонасту бас
Гар набошад муддаои арзи ниёзи хештан
Аз арақ бар рӯй соҳили мавҷ тӯфонасту бас
Тӯҳфа дигар надорам дархури арзи адаб
Пешкаш дар пеши теғаши ҷавҳар ҷонасту бас
Сад китоби ҳикмати дарси ҷунунро хонда ем
Як ҷаҳони девон вале як байт вайронасту бас
Нусхаҳои ҷавҳар теғаш намедонам вале
Он қадр донам ки ӯ як мад эҳсонасту бас
Гарчи май резад ба хок ҳар дарии сад оби рӯ
Муддаои соил аз иброми як нонасту бас
Зулмати зулфаш ки ёрб хат Искандар мабод
Дар хаёл обод ҳастӣ як шабистонасту бас
Дам ба дами мавҷи ҳаё гул мекунад аз рӯй ӯ
Каз арақ бар оризаши ҷӯш гулистонасту бас
Туғрул аз зеру Бами ишқаши маро маълум шуд
Бар дилам аз нолаҳояш як Нитсаатонасту бас !