Май рӯм аз хеш ҳар соъати зи дунболи нафас

Маҳмили моро буд сози шикасти дили ҷарас

наме тавон имрӯз бӯдани фарши пои офтоб

Шаби равони роҳро чун соя набӯд бими кас

То набошӣ раҳнаварди водии дашти адам

Кӣ рисӣ дар ҷодаи иқболи ин боли фарс ? !

Бефано ҳосил нагардад давлати дидор ӯ

Кас чисон созад таманнои висол ӯ ҳавас ? !

Пухтагонро кӣ буд аз суҳбати дунони гзир

Шуъларо бисёр бошад эҳтиёҷи хору хас !

Коргоҳи боғи имконро буд найранг ҳо

Зоғ дар саҳро ва булбул гашта маҳбӯси қафас

Хонаи дилро ту аз занги кудурат соф кун

намешавад ойӣнаи ӣнҷои тира аз ҷӯши нафас

Ҳаркиро бошад ба қадари машраби худ ҷода Эй

Кӣ буд фили дмонро тоби як гашти фарс ? !

Ашк дар роҳ талаб бошад далели муддао

Коғази абрӣ буд ойини ишқи булҳавас

Дил ба дуздӣ меравад имшаб ба ҷаъди зулф ӯ

Кӣ буд айёрро андешаи чӯби асас ? !

Туғрул аз забти нафаси фоли саодат май занам

Бар сари мурғи сухани бол ҳумо бошад қафас