Як нигоҳ аз чашми махмураши туро бошад ҳавас

Арз матлаб кун мабод уфтад қабули мултамис

Дил кунун бо сари хати дарси таманнои адаб

Карда аз боғи ҷамолаши машқи гулчинии ҳавас

Булҳавас бигузар зи савдои хаёли ишқ ӯ

Кӣ буд дар пеши оташи эътибори хору хас ? !

Ғайр ӯ аз дигарон дасти тамаъ кӯтоҳ кун

Муддаои ҳеҷ кас ҳосил нашуд аз ҳеҷ кас

Сози тамкин адаб набӯд мақом ҳар дилӣ

Бигузарӣ оҳиста бигузар сӯии дукони ҷарас

Бо гирифторони зулф ӯ намебошад дигар

Ҷузи каманди ҳалқаи зулфаш касе фарёдрас

Ҳар киро доданд андари боғи имкони фурсатӣ

Корвон умр бошад раҳнаварди пеш ва пас

Бигузар аз савдои он чизе ки набӯд дар ҷаҳон

Маҳз авҳомаст шери мурғ ва ҳам боли фарс

Дод найранги ҷаҳон аз роҳи икрнгии ғалат

Устихонро бо ҳумоу қандро андари магас

эй хуши он мисра ки туғрул месарояд бедилӣ

Хоби анқо талх мегардад ба овози магас