зи хӯни дидаи ман нома ба ёр навис

Ба ҷои меҳр ки омад ту интизор навис

Сухани зи зулфи дарозаш агар кунӣ кӯтаҳ

Ҳадиси турра ӯро ба пушт мор навис

Чу ман ба дафтар ҳасанаш турост майли рақам

Раседӣ бар рух ӯ навбат баҳор навис

Агар ба васф Рахш рафт навбати таҳрир

Саводи нусха ӯ аз хат ғубор навис !

Фасонаҳои сиришкам ба хати ёқӯтӣ

Ба сафҳае ки нависӣ ба об нор навис

Қалам ба ҳарфи муҳаббати зи оҳ булбул кун

Яке аз ҳикояти ушшоқ аз ҳазор навис

Агар нависии ту хаттӣ ба сӯии ёр аз ман

Ҳамин қадар ки зи ишқи ту шармсор навис

Ту ҳақи шиносии таърихи раъйати Мансур

Ба ҳар куҷо ки нависӣ ба чӯб дор навис

Хушо зи мисраи султони маърифати туғрул

Ба ҷой ҳар алифи ангушт зинҳор навис