Гар зиёни зоҳири намое дар хаёл суд бош

Яъс то кӣ бар умеди чеҳра мақсӯд бош !

Бе нишони тири шӯҳрат чанд эй нанги адам

Як асар бигзор андари олам мавҷӯд бош !

Аз фурӯғи шавқи зан бар миҷмари дили оташӣ

Бар димоғи аҳли олам чун шамем авд бош

То туоне маркази ин ҳалқаи таслими шӯ

Шуълаи шавқи муҳаббат гар набошӣ дӯд бош !

Шоҳиди ҳаркас ба қадари даъвии ишқ худ аст

Гар тамошоӣ Аёзаш мекунӣ Маҳмӯд бош !

Чанд бошӣ дар ҳавоӣ буду нобӯди ҷаҳон ? !

Эътиборӣ нест андар буд ӯ нобӯд бош !

Барфашон бар мазраъи дили донаи ашки умед

Чун саҳоби тира яксар дар хаёл ҷӯад бош !

Ғофил аз дарси адаби лофи муҳаббат то ба кӣ ? !

Муҳаррами асрори ишқаши нестӣ мардӯд бош !

Ҳаст ташвиши ту аз тазъифи таснифи амал

Аз ғам беш ва кам олами гузар хўшнўд бош !

Бас ки дорад нағма « ушшоқ » мизроб дигар

Тору пуди риштаҳои парда ин равад бош !

Ҳбзо аз мисраи бедил ки туғрул гуфта аст

эй зи фурсат бехабар дар ҳар чаҳ бошӣ зуд бош !