Агар бар қосид назора бахшад рухсати бориш
Бисот хирман ҳастӣ бисӯзад барқи дидораш
Маро шуд сояи шамшод аз боли ҳумои беҳтар
Ки бошад бахти ман вобастаи зулфи нигунсораш
Шаб ҳиҷраш надорад субҳ аз сомони истиғно
Халосӣ нест ҷузи мурдан ҳамин бошад агар кораш !
Агар саъии талаби зин ҳалқа бошад дастбанд ӯ
Набошад маркази таслими ғайр аз гардани ёраш !
Марӣзи интизорашро саломатгар ҳавас бошад
Буд доруии дарди ишқи набзи чашми бемораш !
Баму зери муҳаббати парда Эй дорад ки ме ояд
Навой нағма « ушшоқ » аз оҳанг ҳар тораш
Ба ҳақи ишқи ҳаркас дар муҳаббатгар зафар хоҳад
намебошад ба ғайр аз раъйати Мансур бар дораш
Дилам аз ганҷи рухсораши тамошо орзӯ дорад
Вале май тарсам аз ёди хаёли зулф чун мораш
Наме бинӣ ба ҷузи ойӣна аз бом ва дараш дигар
Агар ҳайрати ҳаваси дорӣ нигаҳ кун нақши девораш !
Банноӣ хона ҳастӣ асос нестӣ дорад
Ҳамин осори вайронӣ буд аз тарҳи меъмораш
Дарин гулшан чаҳ дили бандӣ ки бедил гуфтааст туғрул
Баҳорат булбулӣ дорад ки шакл лост минқораш